Гилаи Юсуф аз русҳо дар пайи изҳороти Жириновский
Иддаои Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия (ЛДПР), дар бораи он ки кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон орзуи пайвастан ба ҳайати Русияро доранд, бо вокунишҳои тунди хонандагони мо рӯбарӯ шуд. Ҳоло номаи яке аз шарҳнависонро бо номи Юсуф нашр карда, мехоҳем, Шумо низ дар ин бора фикру андешаҳои худро ба мо фиристед.
ШАРҲИ ЮСУФ:
“Тоҷикон ҳамеша ғуломони ҳалқабаргӯш буданд. Аз аъроб сар карда (ба воситаи дини Ислом) то турку муғулу рус. Ин чизи нав нест.
Ҳамин аст, ки хислати ғуломиро ҳеч наметавонем тарк бикунем. Вале, дар ҳаққи мо бадтарин хиёнатро русҳо кардаанд, бо сад ҳиллаву фиребу найранг. Заминҳоямонро ба дигарон тақдим карданд; хатти бобоиро маҷбуран тағйир доданд; тафаккурамонро вайрон карданд; дар байни миллати тоҷик ҷудоӣ андохта, ба ҷанги бародаркуш кашиданд; миллионҳо фарди тоҷикро дар Русия истисмор карда, боз таъна мезананд; тайи беш аз 10 сол "Ҷамшуду Равшан"-гӯён масхара карданд; лашкараш (дивизияи 201) Тоҷикистонро ишғол кард; сиёсатмадоронаш (Жириновскийбаринҳо) бешармона дар ҳаққи президент, ҳукумат, давлат ва халқи Тоҷикистон суханони таҳқиромез мезананд; русҳои муқими Тоҷикистон забони давлатиро эҳтиром намекунанд ва дигар бадиҳо.
Ба ягонтои ин аъмоли бад русҳо аз тарафи тоҷикон ҷавоби мувофиқ нагирифтаанд. Бояд зикр шавад, ки ин аъмолро ба миллат ва далати тоҷик на Амрико раво дидаасту на инглису франсузу немис. Ҳатто империяи подшоҳии рус!
Он чизе, ки дар солҳои Шӯравӣ сохта шудааст, русҳо барои худашон сохта буданд, на барои тоҷикон. Зеро онҳо нисфи аҳолии Тоҷикистонро ташкил мекарданд (бузургтарин колонияи русҳо!) Акнун ҳамаи он кӯҳнаву фарсудаву нодаркор аст. Ин аст хизмати русҳо назди миллати бечораву фақири тоҷик.
Тоҷикон ба касе ҷабру зулму бадӣ накардаанд. Ин аст ягона боиси ифтихор. ХУДРО ПАСТ НАЗАНЕД. АЗ ИН ДУШМАНОН ИСТИФОДА МЕБАРАНД!” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)