Муъмин Қаноат ордени «Шараф» гирифт
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз наздик ба 200 корманди соҳаҳои фарҳанг, адабиёт ва иттилоотро бахшида ба 20- солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонид.
Тибқи иттиллои дафтари матбуотии райисҷумҳур, дар маросими мукофотсупорӣ хизмати ҳудуди 200 нафар шоиру нависанда, ҳунармандони театр, мусиқӣ, рассомӣ ва дигар ҳунарҳои зебо, кормандони радио, телевизион, синамо ва воситаҳои дигари ахбори умум бо мукофотҳои олии давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ қадрдонӣ шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар расми тақдимоти ҷоизаҳо гуфт, ҳар нафари дар ин маросим иштирокдошта дар таҳкими пояҳои фарҳангии давлату давлатдории навини тоҷикон, муаррифии фарҳанг, санъат, адабиёт ва дигар арзишҳои муқаддаси давлату миллат дар арсаи минтақа ва ҷаҳон хизматҳои арзанда анҷом додаанд. Раисҷумҳур ду нафарро бо ордени «Шараф» дараҷаи 1, се нафар бо ордени «Шараф» дараҷаи 2, панҷову панҷ кас бо медали «Хизмати шоиста» ва 50 нафар бо нишони «20- солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд. Бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» 9 нафар ҳунармандони маъруфи кишвар сазовор дониста шуданд. Cе нафар ба гирифтани унвони фахрии «Ҳофизи халқии Тоҷикистон» мушарраф гардид. Як нафар бо унвони фахрии «Рассоми халқии Тоҷикистон» сарфароз шуд. Унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикитон» бошад насиби як кас гардид. Ба унвони фахрии «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» 9 нафар сазовор дониста шуд. Ба 10 корманди соҳаҳои фарҳанг, телевизион, синамо, иттилоот ва китобдорӣ унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» дода шуд. Беш аз 30 нафари дигар бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.{jathumbnail off}