Кабирӣ ба ҳукумат: "Ҳанӯз дер нашудааст, фурсат ҳаст..."
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳалномаи додгоҳ барои мусодираи бозори “Саховат”-ро ниҳояти кор надониста, ба мақомот гуфтааст, ҳанӯз ҳам барои қабули пешниҳодҳояш фурсат доранд.
Раиси ҲНИТ дар изҳороти худ, ки рӯзи 22 апрел дастраси “Озодагон” шуд, мегӯяд, “барои пайдо кардани роҳи ҳал мо ба додгоҳ чанд пешниҳоди мушаххас намудем, ки дар сурати амалӣ шудани яке аз онҳо, масъала ба фоидаи ҳама тарафҳо ҳал мегардад. Ҳоло ҳам фурсат барои ҳифзи моликияти шаҳрвандон ва ҷойи кор барои садҳо нафар вуҷуд дорад.”
Ӯ изҳор доштааст, “бо назардошти марҳилаҳои дигари баррасии парвандаи бозори “Саховат”, ки раиси ҲНИТ яке аз соҳибмулкон ба шумор меравад, бори дигар пешниҳодҳои худро ба мақомот ироа мекунам.”
Парвандаи бозори “Саховат”-ро бо даъвои Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон додгоҳи ноҳияи Турсунзода баррасӣ намуд. Оҷонсӣ гуфта буд, бозори “Саховат” ба далели камбуд дар санадгузорияш бояд аз соҳибмулкони феълияш гирифта шавад. Яке дигар аз далели мақомот ин аст, ки сокинони атрофи бозор варзишгоҳ надоранд ва “Саховат” ба варзишгоҳ табдил дода хоҳад шуд. Дар яке аз мурофиаҳои қаблӣ Муҳиддин Кабирӣ пешниҳод карда буд, агар мақомот замин ҷудо кунанд, ӯ омодааст бо сармояи худ варзишгоҳ бисозад ё барои сохтани бозори нави муосир ва кӯчондани мағозаву дӯконҳои соҳибкорон ба ҷои нав қитъаи замин ҷудо шавад ва ё пардохти иҷораи варзишгоҳҳо аз тарафи соҳибмулкони бозор барои машқи варзишгарон сурат бигирад.
Раиси ҲНИТ бар ин аст, ки қабул шудани яке аз пешниҳодҳои ӯ обрӯи мақомоти давлатӣ ва мавқеи онҳоро низ баланд хоҳад бардошт: “Амалӣ гаштани яке аз ин се пешниҳоди мо дар баробари ҳифзи моликияти мо ва садҳо соҳибкорон чанд фоидаи дигар низ дорад. Аз ҳама асосиаш, нишон медиҳад, ки ҳадафи асосии мақомот гирифтани моликият ё танҳо иваз кардани соҳибмулк нест.”
Ӯ дар идома ишора кардааст, ки тибқи ҳалномаи судӣ бозори “Саховат бояд аз байн бурда шавад, дар ҳоле ки мақомот ба соҳибкорон ваъда медиҳанд, ки бозорро хароб карданӣ нестанд: “Барои он ки ин ваъда ҷанбаи ҳуқуқӣ пайдо намояд, мо ин пешниҳодҳоро кардем ва ҳоло ҳам фурсат барои ҳифзи моликияти шаҳрвандон ва ҷойи кор барои садҳо нафар вуҷуд дорад. Чунин мавқеъгириҳо ва суҳбатҳои намояндагони мақомоти давлатӣ боиси пайдо шудани шубҳаҳо дар бораи танҳо иваз кардани соҳибмулк гаштааст.”
Раиси Ҳизби наҳзат мегӯяд, агар мақомот ҳадафи иваз кардани соҳибмулкро дошта бошанд, он аз лиҳози қонунӣ имкон надорад: “Даъво сари он аст, ки бояд варзишгоҳ барқарор ва ба соҳиби аслиаш, Кумитаи варзиш баргародонида шавад. Дар сурати иваз кардани соҳибмулқ бо соҳибмулки дигар, чи давлатӣ бошад, чӣ хусусӣ, ҳатман мухолафат ба асли даъво ва ҳалномаи суд ба вуҷуд меояд, ки мақомоти давлатӣ ба чунин кор нахоҳанд рафт. Ин амалан маънии аз моликият маҳрум кардани соҳибмулкони имрӯзиро дорад, ки дигар ниёзе ба асоснокии ҳуқуқӣ ва судӣ нест. Баръакс, ошкор ва бесаҳнасозӣ гирифтани моликият ба маротиб обрӯмандтар аст, аз он, ки онро дар пушиши баргардонидани моликияти давлатӣ ё ҳимояи манфиати ҷамъиятӣ анҷом бидиҳанд.”
Кабирӣ дар охир таъкид кардааст, тарафи содиркунандаи камбуди тибқи даъво, мақомоти давлатӣ мебошанду ҳоло ҳам даъвогар боз ҳам мақомоти давлатӣ аст ва моликияти шахрвандро боз ҳам ба нафъи мақомоти давлатӣ, яъне, содиркунандаи камбудӣ, меситонад: “Суол ба миён меояд, ки агар содиркунандаи камбудӣ худи мақомоти давлатӣ бошад, пас ҷуброни хасороти шахрвандро, ки дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ба миён омадааст, кӣ бояд пардохт кунад?” Ба гуфтаи ӯ, бар асоси моддаи 32 Консититутсияи Тоҷикистон, “товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо рӯёнда мешавад.”