Дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Исфара бо иштироки қариб 1000 нафар чорабинии оммавӣ-фарҳангӣ ва таблиғотии зиддинашъамандӣ доир гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз агентии назорати маводи нашъаовар иттилоъ доданд, ин чорабинии аз ҷониби агентии мазкур, дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи шаҳри Исфара ва бо дастгирии дафтари САҲА дар Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар он кормандони агентӣ, намояндагони ҳукумат, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Исфара баромад намуда, дар бораи инкишофи ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар самти пешгирӣ, табобати нашъамандӣ ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сухан гуфтанд.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур ҳунармандони театри шаҳри Исфара ва театр-студияи «Лаҳзаҳои гуворо»-и пойтахти кишвар бо барномаи махсуси таблиғотии зиддинашъамандӣ ва шеъру сурудҳои дар мазаммати нашъа ва нашъамандӣ баромад намуданд. Дар ин чорабинӣ озмуни расми беҳтарин дар мавзӯъи «Нашъамандӣ ва оқибати он» дар байни наврасон баргузор гардида ба тамошои иштирокчиён намоиши расму овезаҳо пешниҳод карда шуд. Инчунин, мусобиқаҳои варзишии дастхобонӣ ва вазнбардорӣ дар байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ гузаронида шуданд. Ғолибони озмун ва мусобиқаҳо бо тӯҳфаҳои хотиравии агентӣ сарфароз гардонида шуданд,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}