баргард чоп кардан

“Лето по полной”. Таронаи нави русии Ҷонибек

Ҷонибек Муродов, овозхони тоҷик ахиран як таронаи русии дигарро вориди бозор кардааст.

Ин суруд “Лето по полной” ном дошта, бори нахуст Ҷонибек онро 8 март дар консерти муштараке бо Нигина Амонқулова ва M-One (Мастер Исмайл) дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон хонда буд.

Ҷонибек аз ин пеш ҳам чанд таронаи русӣ иҷро кардааст. “Белыми стаями” ва "Сердце прости" дар қатори сурудҳои маъруфи ӯ ҷо гирифтаанд.




Ҷонибек Муродов, фарзанди овозхони маъруф Ҷӯрабек Муродов буда, 29-уми майи соли 1988 таваллуд шудааст. Аз соли 1998 то 2005 дар гуруҳи “Боло” ва аз соли 2006 то 2007 дар гуруҳи “Вазир” ҳунарнамоӣ кардааст. Шуруъ аз соли 2007 ба танҳоӣ овозхонӣ мекунад.

Вай ду бор ба дарёфти ҷоизаи Big Apple Music Awards, яке аз ҷоизаҳои маъруфи мусиқӣ дар Амрико шарафёб шудааст. Моҳи ноябри соли 2009 «Беҳтарин овозхони мард аз Тоҷикистон» ва соли 2011 «Беҳтарин овозхони Осиёи Миёна» шинохта шуд.

Ҳамчунин солҳои 2005, 2006 ва 2007 ҷоизадори озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сол», соли 2008 ғолиби озмуни «Ситораи сол» шуд. Вазорати фарҳанг ҷоизаи «Беҳтарин сарояндаи соли 2011»-ро ҳам ба Ҷонибек супурд. Ҳамчунин дар ин сол вай ҷоизаи «Беҳтарин клип»-ро соҳиб гардид.