Кушта шудани Шуҳрат Яхшимуродов аз сӯи афроди номаълум
Шуҳрат Яхшимуродов, соҳибкори тоҷик дар шаҳри Маскави Русия аз сӯи афроди номаълум кушта шудааст.
Тавре наздикони Яхшимуродов ба “Озодагон” хабар доданд, шоми 22 апрел соҳибкори тоҷик дар наздикии манзили зисташ мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта, ҳанӯз омили куштори ӯ муайян нашудааст.
Яхшимуродов соли 1995 дар қати ду нафари соҳибмақом дар шаҳри Маскав муттаҳам шуда буд, ки он замон далели боздошти ӯро таҳлилгарон дорои хусусияти ангезаҳои сиёсӣ хонда буданд. Яхшимуродов соли 1995 бо Созмони авфи байналмилал - Amnesty International ва Бунёди Оқохон ҳамкорӣ дошта, ба иттилои расонаҳои русӣ бо мухолифин низ равобити наздик дошт.
Ӯ солҳои охир ба ҳайси дабири кулли яке аз ширкатҳои лаҳистонӣ – “Fair Play International” ифои вазифа карда, дар гузашта ба ҳайси муовини раиси корхонаи коркарду истихроҷи нафт ва металҳои ранга “Тоҷ-Ал” фаъолият дошт.