Боздошти ду масъули комиссариати ҳарбӣ ҳангоми озод намудани Турдибоев аз хидмат
Мақомот аз боздошти ду корманди комиссариати ҳарбӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гирифтани ришва ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ хабар доданд.
Тавре як манбаъ аз Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ба “Озодагон” гуфт, Лутфулло Ғайбуллоев -- иҷрокунандаи раҳбари комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳристон ва Абдуқаҳҳор Абдуҷалилов -- ёрдамчии калони сардори шӯъбаи дуюми комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ҳангоми гирифтани пора аз шаҳрванд Нодир Ҷабборов ба маблағи умумии 5 ҳазор сомонӣ бар ивази озод намудани даъватшаванда Турдибоев дастгир карда шудаанд.
Ин ҳодиса 4 апрели соли равон зимни амалиёти муштараки кормандони маъмурони амниятӣ ва Додситонии ҳарбии гарнизони Cуғд иттифоқ уфтодааст.
Ба қавли манбаъ, зимни тафтишоти пешакӣ маълум гаштааст, дастгиршудагон - Лутфулло Ғайбуллоев ва Абдуқаҳҳор Абдуҷалилов - тибқи маслиҳати пешакӣ мақсад доштаанд, бо роҳи сохтакорию ғайриқонунӣ даъватшаванда Турдибоевро аз хидмати ҳарбӣ озод намуда, 5 ҳазор сомониро миёни ҳам тақсим намоянд. “Вале ҳангоми ситонидани пора дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ ва 600 доллари амрикоӣ онҳо дастгир карда шуданд”,- илова намуд манбаъ.
Айни ҳол, аз ҷониби Додситонии ҳарбии гарнизони Суғд нисбат ба Лутфулло Ғайбуллоев бо моддаҳои 247 ва 319 ва нисбат ба Абдуқаҳҳор Абдуҷалилов бо моддаи 319-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз гардида, тафтишот ҳамоно идома дорад.