Муовини муфтӣ: Аз бадгӯӣ ва ғайбат бипарҳезед
Дар пайи нашри “филм”-и силсилавии “Нури наҳзат”, ки дар он бархе масъулини Ҳизби наҳзат мавриди “танқиду таҳқир” қарор гирифтаанд, муовини муфтӣ дар намози ҷумъа намозгузоронро ба дурӣ ҷустан аз таҳқири якдигар даъват кард.
Домулло Сайид Акбар, муовини муфтии Тоҷикистон, рӯзи, 25 апрел дар намози ҷумъа аз сокинони кишвар хост, аз бадгӯӣ ва раво дидани суханҳои носанҷида дар ҳаққи якдига бипарҳезанд. Ӯ гуфт, “Худованд дар Қуръони Карим ба муъминон фармудааст, то аз ғайбати якдигар бипарҳезанд. Аз ин корҳо бояд худдорӣ кард, чун умри мо он қадар дароз ҳам несту фардо ё имрӯз паси ҳам дунёро тарк хоҳем кард.”
Домулло Сайид Акбар ба пайравони дини мубини Ислом дар Тоҷикистон ҳушдор дод, “афроде, ки дар бораи шахсе сухани бад мегӯянду дар ҳаққи ӯ ранҷише раво мебинанд, дар рӯзи қиёмат то он шахс ҳозир ва розӣ нашавад, Худованд онҳоро ҳеч гоҳ намебахшад.”
Муовини муфтӣ дар идома ибрози тассуф намуда, илова кард, “вой бар ҳоли мо ки имрӯз ҳазорҳо суханро насанҷидаву надида аз худ мебофему дар ҳаққи бародарои муъмини худ раво мебинем.”
"Филм"-и силсилавии “Нури наҳзат”, ки иборат аз се қисм мебошад ва ҷузъи сеюми он ҳамагӣ ду рӯзи қабл вориди интернет гардид, сархати баҳсҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор дорад. Ахиран диски он низ дар бархе аз масоҷиди кишвару хонаҳои сокинон тақсим шудааст. Дар ин "филм" бо намоиши наворҳои маҳрамона бархе аз раҳбарони бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мавриди мазаммат ва танқиди шадид қарор гирифтаанд. Дар ин наворҳо таъкид мешавад, ки "филм"-и силсилавӣ гӯиё аз сӯи Хадамоти амнияти дохилии ҲНИТ ба хотири ифшо ва сади роҳ шудани амалҳои бархе аз масъулини ҳизб таҳия мешавад.