Сабқати теннис барои дарёфти Ҷоми Пойтахт-90
Дар шаҳри Душанбе сабқати кушода миёни дӯстдорони теннис ҷараён дорад.
Мусобиқа ба 90 солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон бахшида шуда, фардо низ идома хоҳад кард.
Ҷоми Пойтахт-90 бо ташаббуси Корхонаи воҳиди давлатии “Қасри тенннис”-и шаҳри Душанбе созмон ёфта, дар он ҳудуди 50 дӯстдори теннис - намояндаҳои корпуси диломатӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ҳамчунин, аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва соҳибкорон иштирок доранд.