Се голи беҷавоби “Регар-ТадАЗ” ба дарвозаи ССКА “Помир”
Тими “Регар-ТадАЗ” дар доираи даври сеюми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба дарвозаи ССКА “Помир”-и Душанбе се голи беҷавоб зад.
Голҳоро Фирӯз Раҳматов (дақиқаи 38, 54) ва Абдурасул Раҳмонов (83 ба нишон расонданд.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо “Хайр”-и Ваҳдат рақобат карданд. Ин бозӣ 2:1 анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 12-ум Комрони Мирзохон бозигари “Парвоз боз кард. Ҳусейни Суҳробӣ дар дақиқаи 40 ҳисобро баробар сохт, аммо Комрони Мирзохон дар дақиқаи 72 голи дувуми “Парвоз”-ро вориди дарвозаи ҳариф кард.