Вазорати дифоъ мегӯяд, 73%-и нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро шудааст
Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 73 дарсади нақшаи баҳории давъвати ҷавонон ба сафи артиши кишвар хабар медиҳад. Тавре масъулони ин иниҳод гуфтанд, дар давоми 25 рӯзи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар иҷрои нақшаи мазкур комиссариатҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва Куҳистони Бадахшон фаъол мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, “беш аз 10 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, 6 ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ду комиссариати ҳарбии ноҳияҳои тобеи марказ ба пуррагӣ аз иҷрои нақша баромаданд.” Масъулини Вазорати дифоъ иброз медоранд, ноҳияи Носири Хусрав ва Мурғоб аввалин шуда аз иҷрои нақша хабар дода дар вилояти Суғд 54%, дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи марказ 73% ва дар чаҳор навоҳии пойтахт беш аз 60 дарсад нақшаи баҳории даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро гардидааст.
Гуфта мешавад, интизор мерафт, нақшаи баҳории имсолаи даъвати ҷавонон ба сафи артиш аз солҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ карда, бар асоси дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон бояд аз роҳҳои қонунӣ кор гирифта мешуд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ахиран батакрор барои аз байн бурдани "облава" таъкид карда, ҳатто дар робита ба манъи роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба сафи артиш дастур дода ва барои иҷрои ин дастури худ комиссияи даъват ҳам ташкил карда буд.
Вале бо ин ҳол ҳанӯз ҳолатҳои “облава”-и ҷавонон аз сӯи афроди либоси мулкӣ ба бар дошта мушоҳида мешавад. Ахиран Радиои “Озодӣ” аз маъюб шудани ҷавони тоҷик дар пайи облава дар шимоли кишвар хабар дода, гуфта буд, “ташхиси пизишкони беморхонаи вилоятӣ дар Хуҷанд рӯшан кардааст, ду устухони сутунмӯҳраи Хушнуд Исомиддинови 23-сола, ҳини фирор аз «облава» ва уфтодан аз ошёнаи чаҳорум, шикастааст.”