баргард чоп кардан

«Равшан»-и Кӯлоб боз ба ҷои аввал баромад

Бозиҳои даври 27-уми лигаи олии футболи Тоҷикистон ба анҷом расид.


Тавре аз федератсияи футбол ба «Озодагон» хабар доданд, дастаи «Гвардия»-и Душанбе бо «Энергетик» бозӣ карда, бо ҳисоби калони 1 бар 5 шикаст хӯрд. «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо «Истиқлол»-и Душанбе қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 0 бар 3 бозиро бохт. «Равшан»-и Кӯлоб бо «ССКА Помир»-и Душанбе сабқат намуда, 3 бар 1 пирӯзиро соҳиб шуд. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо «Хайр»-и Ваҳдат вохӯрда бо ҳисоби 1 бар 0 ғалаба ба даст овард.

Манбаъ афзуд, бозии «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва "Шодмон"-и Ҳисор бегоҳии имрӯз дар варзишгоҳи "Фурудгоҳ"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор  мешавад. Айни ҳол аз рӯи ҷадвали мусобиқа «Равшан» аз 24 бозӣ бо 56 имтиёз дар ҷойи аввал аст «Регар ТадАз» аз 23 вохӯрӣ бо 54 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад, «Истиқлол» аз 20 бозӣ бо 52 имтиёз мақоми сеюмро касб намудааст. Нишонзанҳои беҳтарини сабқат Фозил Сатторов аз дастаи "Равшан" бо 14 тӯб,   Юсуф Рабиев аз тими "Истиқлол" бо 13 гол ва Мирзобек Мирзоев аз аз дастаи  Хайр” бо  12 тӯб дар қатори пешанд.{jathumbnail off}