баргард чоп кардан

ВИДЕО: "Агар хонаи моро гиранд, дар кӯча мемонем"

Гулбаҳор Иброҳимова, сокини шаҳри Норак, шикоят дорад, ки гӯиё гуруҳе ба дунболи “азхудкунӣ”-и манзилаш буда, мехоҳанд, ӯву ҳамсар ва чаҳор фарзанду се набераашро аз дар берун кунанд.

Ин сокини шаҳри Норак мегӯяд, тӯли 6 сол мешавад, бо Тоҷиддин Қурбонов, истиқоматкунандаи дигари ин минтақа, дар мавриди манзили зисташ, ки аҳли олиаашон 20 соли умри худро дар он сипарӣ кардаанд, баҳси додгоҳӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди содир шудани қарори додгоҳи вилояти Хатлон дар охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ ба нафъи онҳо ҳанӯз ҳам баҳси манзил бо Қурбонов хотима наёфтааст.



Ин баҳс сари манзили истиқоматие меравад, ки дар хонаи рақами 20-и кӯчаи Рӯдакии шаҳри Норак ҷойгир буда, иборат аз чаҳор ҳуҷра мебошад. Тавре мусоҳиби мо баён медорад, ин манзилро онҳо соли 1994 дар пайи аризаи худ барои иваз ва васеътар кардани истиқоматгоҳашон ба Раёсати сохтмони “Нурекгэстрой”-и шаҳри Норак, ки ҳамсараш - Файзулло Раҳимов корманди ин корхона ба шумор мерафт, дастрас кардаанд. Ба қавли хонум Иброҳимова, қаблан дар ин манзил корманди русзабони дигари “Нурекгэстрой”- Бочкараева Т. ба сар мебурдааст, ки бар асоси шартнома бо ин корхона ба Тоҷикистон омада, онро соҳиб мешавад. Вале Бочкараева дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон гӯиё аз шартномаи худ бо ин корхона даст кашида, кишварро ба қасди зисти доимӣ дар Русия тарк мекунад.

Иброҳимова меафзояд, баъд аз гузашти 14 соли умри онҳо дар ин манзил ва соҳиби чаҳор фарзанду се набера шудан, ҷавоне бо номи Тоҷиддин Қурбонов ба назди онҳо ҳозир шуда, даъво менамояд, то хонаро холӣ кунанд, ки ӯ ин манзилро аз Бочкараева ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданаш харидорӣ кардааст ва дар ин бора низ санади расмӣ дорад. “Баъд аз шунидани ин даъво ман низ барои таҳқиқ озими вилояти Саратови Русия шуда, ба назди Бочкараева рафтам ва аз ӯ расман санади эътимоднома ё худ “довереноность” гирифтам, вале баъд аз баргаштанам ба ватан, ӯ аз ин санади додаи худ даст кашиду дар як занги телефонии кӯтоҳ бо ман далелашро таҳти “фишор” қарор гирифтанаш аз сӯи як гуруҳ унвон кард”,-нақл мекунад Иброҳимова.

Мусоҳиби мо бар ин аст, ки ӯ ягона нафари гирифторшуда ба ин гуна баҳсҳои манзилӣ дар шаҳри Норак нест. Ба гуфтаи ӯ, гӯиё то ин дам чандин оилаҳои тоҷик дар ин минтақа, ки манозили зисти худро баъд аз кӯч бастани русҳо ба даст оварда буданд, аз хона бехона шудаанд. Хонум Иброҳимова – модари чаҳор фарзанду соҳиби се набера мегӯяд, дар сурати аз даст додани ин манзил онҳо сарпаноҳи дигаре надоранд, ки ба ӯ паноҳ бибаранд.


Дар сурати дарёфти назару мавқеи Тоҷиддин Қурбонов дар мавриди ин масъала онро низ нашр хоҳем кард