баргард чоп кардан

Панҷ варзишгари тоҷик озими Фаронса шуданд

Варзишгарони тоҷик ҷиҳати ширкат дар чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзю-до ба Фаронса парвоз карданд.


Тибқи иттилои КМО-и Тоҷикистон дар сабқате, ки дар Фаронса сурат мепазирад, ҷумҳурии моро Ҷамшед Халилов дар вазни -60 кг, Расул Боқиев дар вазни  73  ва ду варзишгари дигар дар вазни -81 кг Шералӣ Бозоров ва Фарҳод Раҳимов, инчунин Парвиз Собиров дар вазни -90 кг  муаррифӣ мекунанд. Чемпионати мазкур аз таърихи 23 то 28-уми августи соли равон ҷараён мегирад. Шумораи умумии иштирокчиён дар сабқати ҷаҳонӣ 949 нафарро ташкил дода, аз ин шумул 568 мард ва 381 зан аз 136 кишвари олам баҳри ба даст овардани зинаҳои ифтихорӣ талош меварзанд.

Манбаъ афзуд, ғолибият дар чемпионати мазкур имконияти хубест баҳри ба даст овардани холҳои имтиёзнок барои роҳхат ба Бозиҳои олимпии Лондон-2012.{jathumbnail off}