Сиси гуфтааст бо нахуствазири Исроил вонамехӯрад, агар...
Абдулфаттоҳ Сиси, номзад ба курсии раисҷумҳури Миср дар як изҳороти телевизионӣ гуфтааст, то замоне ки нахуствазири Исроил ба фаластиниҳо гузаштҳое накунад бо ӯ мулоқот нахоҳад кард.
Бино ба иттилои “Ал-Арабия” аввалин гузашт ин эътирофи давлати Фаластин бояд бошад: “То замоне ки давлати Фаластинро бо пойтахти вай дар Байтулмуқаддас набинем”.