Муҳоҷири тоҷик дар куштори ду сокини Русия муттаҳам мешавад
Шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон аз сӯи Кумитаи тафтишотии Русия дар қатли ду сокинони вилояти Челябинск муттаҳам мешавад.
Ин ниҳод мегӯяд, кормандони пулис рӯзи 4 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Магнитогорск ҷасади ду сокини маҳаллӣ – модари 68-сола ва духтари 42-соларо бо нишонаҳои марги маҷбурӣ пайдо кардаанд. Ба иттилои манбаъ, кормандони Кумитаи тафтишотии Русия дар рафти таҳқиқ муҳоҷири 20-солаи тоҷикро ба гумони қатли ин модару духтари рус боздошт кардаанд.
Дар бораи ному насаби шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст, вале ӯ ҳоло ба ҳабсӣ пешакӣ маҳкум шуда, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ ба иттиҳоми қатли ду шаҳрванд боз шудааст.