ВОЗ: “Тоҷикон аз узбакҳо, қазоқҳо... камтар арақ менӯшанд”
Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама кам сокинони Тоҷикистон майл ба шаробнӯшӣ доштаанд. Дар ин бора Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ) дар гузориши солонаи худ қайд кардааст.
Муаллифони ин гузориш гуфтаанд, дар Тоҷикистон ҳар нафари шаробнӯш дар як сол ба ҳисоби миёна 2,8 литр спирти тоза менӯшад, ки ба қавли онҳо, ин нишондод нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ поинтар мебошад. Дар миёни сокинони минтақа аз ҳама бештар қазоқҳо ба шароб майл дошта, ба ҳисоби миёна ҳар нафари шаробхӯр дар Қазоқистон дар як сол 10,3 литр спирти тоза менӯшад.
Ин нишондод дар Узбакистон 4,6 литр ва дар Туркманистон ва Қирғизистон баробар ба 4,3 литр мебошад. Мизони шаробхӯрӣ аз ҳама бештар дар Беларус қайд шуда, ба иттилои муаллифони гузориш ҳар сокини аз 15-сола болои ин кишвар соле 17,5 литр спирти тоза менушидааст. Дар ҳоле ки ин нишондод дар Молдова 16,8 литр, дар Литва 15,4 литр ва дар Русия 15,1 литрро ташкил медиҳад.
“Ба ҳисоби миёна ҳар сокини сайёра, ки синнаш аз 15 болост, соле 6,2 литр спирти тоза менӯшад. Аммо амалан арақро 38,3 фоизи аҳолии дунё истеъмол мекунанд. Пас бармеояд, ки ҳар нафари шаробхӯр дар як сол ба ҳисоби миёна ҳудуди 17 литр спирти тоза менӯшанд”,-хулоса мекунанд мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.
Ба иттилои гузориши соли 2014-и Созмони ҷаҳонии тандурустӣ давоми соли 2012 шаробхӯрӣ боиси марги 3,3 миллион нафар гардидааст.