Интиқоди Медведев аз тасмими бастани Twitter ва Facebook дар Русия
Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия изҳороти Максим Ксензов, ноиби раиси “Роскомнадзор” дар мавриди имкони масдудияти Twitter ва Facebook-ро дар Русия танқид кардааст.
“Ҳамчун як корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ фикр мекунам, қонунгузории Русияро бояд ҳама риоя кунад: ҳам худи шабакаҳо ва ҳам истифодабарандагон. Аммо мансабдорони алоҳида, ки барои рушди бахш масъуланд бояд баъзан мағзашонро ба кор дароранд. Ва дар бораи баста шудани шабакаҳои иҷтимоӣ мусоҳиба надиҳанд”,-навиштааст Медведев дар Facebook.
Ёдовар мешавем, Максим Ксензов ба рӯзномаи “Известия” гуфта буд, шабакаи Твиттер аз иҷрои талаби ин ниҳод саркашӣ кардааст ва мавқеи “ғайрисозанда” гирифтааст, ки метавонад ба баста шудани он дар Русия сабаб гардад.