баргард чоп кардан

Ҳодисаи қатлу куштор дар шимоли Тоҷикистон рӯ ба афзудан дорад

Зану шавҳар Шӯҳрат Ҷалолов ва Нигора Орипова, сокинони шаҳри Истаравшанро ба ҳалокат расонида, аз манзили зисти онҳо 28 000 сомониро тасарруф намуда аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.


Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз идораи умури дохилии вилояти Суғд хабар доданд. Ба гуфти манбаъ, куштори ин ду аъзои хонавода дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ашхоси ношинос шабона ба манзили зисти онхо ворид шуда, худро дар ҳоҷатхона пинҳон кардаанд. Аснои ба ташноб даромадани Шӯҳрат Ҷалолов ба аъзои бадани ӯ чанд кор задаанд, ки дар натиҷа ӯ ба ҳалокат расидааст. Пас аз ин ҳамсари ӯ- Нигора аз ҳодиса хабардор мешавад,  афроди ношинос бо истифода аз корд ӯро низ  ба ҳалокат мерасонанд.

 

Дар ноҳияи Спитамен ҳам як чунин ҳодисаи ба қатл расонидани кӯдаки хурдсол  ба қайд гирифта шудааст. Санаи 21- уми август ҷасади  Далер Ҷӯрабоеви  5 сола    дар борхалтае дар болои хар овезон пайдо гардид. Тибқи иттилои РКД-и вилояти Суғд ин амали мудҳишро  Икром Ҷӯраевв,  сокини ин ноҳия  анҷом додааст. Номбурда дар гум  шудани 800 сомонӣ пули нақд аз хонааш Далери модарзод ношунаво ва оҷизро гумонбар дониста, ӯро ба хонаи истиқоматиаш оварда, бо истифода аз корд ба халокат мерасанад ва ҷисми ӯро ба борхалта болои хар гузошта, ҳангоми бурдан ба дашти ноҳия дасгир карда мешавад. Оиди ин ҳодиса аз рӯи моддаи 104 қисми 2 КҶ ҶТ парванда боз шуда ва тафтишот идома дорад.

Мақомоти идораи корҳои дохилии вилояти Суғд чанде қабл иттилоъ дода буданд, ки дар шаш моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 19 ҳодисаи куштор ба қайд гирифта шудааст.