Ваъдаи "Toyota Camry" ва хонаи сеҳуҷрагӣ ба онҳое, ки...
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, дар суҳбат бо ҷавонони ин минтақа ваъда додааст, ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпии 2016 медал ба даст меоранд, мошини “Toyota Camry” ва хонаи сеҳуҷрагӣ туҳфа хоҳад кард.
Қодирӣ рӯзи 21 май дар чорабинии махсуси бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и вилояти Суғд гуфтааст, ҳар варзишгаре, ки дар ин бозиҳои олимпӣ медали тило ба даст меорад, соҳиби мошини “Toyota Camry” ва хонаи истиқоматии сеҳуҷрагӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи Қодирӣ, барои соҳибони медали нуқра дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ хонаи истиқоматии сеҳуҷрагӣ тақдим шуда, барандаи медали бринҷӣ соҳиби мошини сабукрави “Toyota Camry” мешавад.
Раиси вилояти Суғд дар идома аз нақши варзишгарони номии минтақа дар баланд бардоштани шарафи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ситоиш карда, ҳадаф аз туҳфаҳои гаронарзиши ваъдадодашро ҳавасмандкунии варзишгарон унвон кардааст. Гуфта мешавад, Бозиҳои олимпии 2016 дар шаҳри Рио-де-Женейрои Бразилия баргузор хоҳад шуд.
Дар бозиҳои тобистони олимпии соли 2012, ки дар Лондон гузашта буд, аз миёни 16 варзишгари тоҷик танҳо муштзан Мавзуна Чориева соҳиби медали нуқра гардид. Дар пайи ин пирӯзӣ ба Мавзуна Чориева шаҳрдории Душанбе манзили сеутоқа, шаҳрдории Кӯлоб як манзили панҷҳуҷрагӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як манзили дуҳуҷрагӣ тӯҳфа намуданд. Инчунин, раисиҷумҳури Тоҷикистон Мавзуна Чориеваро бо ордени "Шараф" ва 200 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонд.