Зимни як амалиёти кормандони Хадамоти гумрук аз воридшавии маҳсулоти бесифат ва ғайристандартӣ ҷилавгирӣ шуд.
Тавре Нурулло Шарипов, сарнозири шӯъбаи иттилооти ин ниҳод ба «Озодагон» хабар дод, дар ҷараёни ин кор беш аз 22 ҳазору 770 килограмм банан мусодира гардид. Ин маҳсулот дар ташхисгоҳи вижаи агентии «Тоҷикстандарт» мавриди санҷиш қарор гирифт ва ташхис нишон дод, ки бананҳо аз рӯйи нишондиҳандаҳои огонелипитӣ ба намуди маҳсулоти ранги пӯсташ ва пазиш ба талаботи гӯшт «51 603 2000 - банани тару тоза» ҷавобгӯ нест. Ҳамчунин, санҷиш нишон дод, ки маҳсулоти номбаршуда ҳангоми интиқол додан аз давлати Эквадор ба Тоҷикистон аз тарафи ронандаи воситаи нақлиётӣ дар натиҷаи нодуруст истифода бурдани яхдони он бойиси пурра корношоям гаштани меваи банан гардидааст.
Тибқи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва дар асоси талаботи моддаи 243-и кодекси гумруки Тоҷикистон моли мазкур таҳти низоми гумрукии нобудкунӣ қарор дода шуда, 22 ҳазору 770 килограм маҳсулоти ғайристандартӣ бо иштироки мақомоти салоҳиятдор несту нобуд карда шуд.