баргард чоп кардан

ВИДЕО: Гирдиҳамоии бадахшониҳо ва ваъдаи сафири Тоҷикистон дар Бишкек

Бадахшониҳои муқими Қирғизистон рӯзи шанбе дар эътироз ба тирпаронии 21 майи шаҳри Хоруғ дар рӯбарӯи бинои сафорати Тоҷикистон дар Бишкек зери шиори “Ба ҷонибдорӣ аз ваҳдати Тоҷикистон” гирди ҳам омаданд.

Дар ин гирдиҳамоии мусолиматомез беш аз сад нафар иштирок карда, аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Чин хостаанд, намояндагии доимии худ дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшонро боз кунанд.

ВИДЕО: Гирдиҳамоии бадахшониҳо ва ваъдаи сафири Тоҷикистон дар БишкекТавре иштирокдорони гирдиҳамоӣ ба “Озодагон” хабар доданд, ба истиқболи онҳо Олим Раҳимов, сафири Тоҷикистон дар Бишкек баромадааст. Онҳо мегӯянд, дар суҳбат бо дипломати тоҷик аз вазъи ҷорӣ дар вилояти Бадахшон, ки кушта бар ҷой дорад, шадидан нигаронӣ карда, гуфтаанд, баъд аз ҳаводиси моҳи июни соли 2012 онҳо аз тақдири наздикони худ дар Бадахшон ҳамеша дар ташвиш мебошанд.



Ин зодагони Бадахшон ҳодисаи ба миён омада дар шаҳри Хоруғро натиҷаи мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят донистаанд, ки ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Инчунин, онҳо гуфтаанд, ин қазия норозигии шадиди сокинон аз ҳукумати марказӣ, аз ҷумла мақомоти қудратии тоҷикро нишон медиҳад.

Дар пайи ин гирдиҳамоии худ, зодагони Бадахшон ба Олим Раҳимов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон муроҷиатномаеро супоридаанд, ки дар он роҳҳалли мушкилоти пешомада дар Хоруғ зикр шудааст. Раҳимов низ дар навбати худ ба гуфтаҳои онҳо гӯш дода, ваъда додааст, муроҷиаташонро ба Душанбе хоҳад расонд. Тоҷикони гирдиҳамомада дар рӯбарӯи бинои сафорати Тоҷикистон дар Бишкек гуфтаанд, дар сурати иҷро нашудани дархости онҳо дубора баъд аз як ҳафта таҷаммуъ хоҳанд кард.

Дар муроҷиатномаи ин шаҳрвандони кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур, парлумон ва созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла омадааст, “мо аз вазъияти ахир дар Бадахшон сахт нигарон мебошем, бахусус аз таъйин шудани Шералӣ Хайруллоев, сардори бевоситаи амалиёти низомии соли 2012, ки талафоти ҷонии зиёд дар пай дошт, ба ҳайси раҳбари гуруҳи корӣ. Ба мо чанд фарзияи вуқӯи ҳодиса расидааст, ки ба кадоми аз онҳо бовар кардан мушкил аст. Ҷонибдорӣ аз ин тараф ё тарафи дигарро надорем, танҳо анҷоми зӯроварӣ, куштор ва волоияти қонуну адолатро талаб дорем.”