Пайдо шудани ҷасади ҷавони 21-солаи тоҷик дар наздикии “Демократический”
Як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Самараи Русия аз зарби корди ду сокини маҳаллӣ кушта шудааст.
Тавре расонаҳои русӣ хабар медиҳанд, ҷасади ин муҳоҷири тоҷик рӯзи 25 майи соли ҷорӣ бо нишонаҳои захми корд дар соҳили кӯле, воқеъ дар кӯчаи “Демократический”-и Самара пайдо шудааст. Пулиси Самара мегӯяд, дар қатли муҳоҷири тоҷик ду сокини маҳаллӣ гумонбар дониста мешаванд, ки яке аз онҳо 24 сол дошта, қаблан маҳкум шуда будааст.
Ба иттилои манбаъ, дар робита ба ин куштор парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот идома дошта, афроди гумонбар ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд. Дар бораи ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистон чизе дар расонаҳо наомадааст.