Шонздаҳ сол ҳукми зиндони Худоёр Қодиров дар Маскав
Додгоҳи шаҳри Маскав Худоёр Қодиров, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба муҳлати 16 сол равонаи зиндон кардааст. Ин додгоҳ мегӯяд, шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон дар интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят калон айбдор дониста мешавад.
Тавре дафтари матбуоти Додгоҳи шаҳри Маскав хабар медиҳад, шарики Қодиров, ки алайҳи ӯ алоҳида ҳукм эълон шудааст, моҳи июни соли 2013 ҳудуди 7 кило маводи мухаддирро дар борхалтае пинҳон карда, дар ихтиёри Қодиров мегузорад, то ба Русия интиқол диҳад.
Ҳамин тариқ, субҳи 9 июни соли 2013 Қодиров тавассути ҳавопаймои самти Душанбе - Маскав парвоз карда, мехост, ин борхалтаи маводи мухаддирро ба Русия ворид кунад, вале ҳангоми гузаштан аз санҷиши гумрукӣ дар фурудгоҳи Вунуково боздошт мешавад.