Ҳаҷми пасандози шаҳрвандон ба 3,9 миллиард сомонӣ расид
Тайи шаш моҳи соли равон бақияи пасандозҳо назар ба ибтидои сол ба андозаи 22,3 фоиз афзудааст.
Тибқи иттилои сомонаи Бонки миллӣ маблағи он ба 3,9 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки аз он 1,5 миллиард сомониашро пули миллӣ ва 2,4 миллиард сомонӣ асъори хориҷиро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, аз ин миқдори пасандозҳо 49,5 фоиз ё 1,9 миллард сомонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва 50,5 фоиз ё 2,0 миллард сомонӣ ба шахсони воқеӣ тааллуқ доранд. Ба гуфтаи манбаъ, фоизи миёнавазни пасандозҳо дар ҳафт моҳи соли равон бо пули миллӣ 15,91 фоиз ва амонатҳо бо асъори хориҷӣ 15,08 фоизи солонаро ташкил доданд.