Муҳсин Муҳаммадиев бозии “Парвоз” – “Истиқлол”-ро тамошо мекунад
Муҳмин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол бозии тимҳои “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Истиқлол”-и Душанберо мустақим тамошо хоҳад кард. Ин дидор соати 17:00-и имрӯз (29 май) дар доираи даври ҳафтуми чемпионати кишвар дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор мешавад.
Муҳаммадиев дар ҷараёни қувваозмоии “Парвоз” – “Истиқлол” бозии номзадҳои тими миллиро, ки дар ҳар ду дастаанд, назорат хоҳад кард. Мавриди тазаккур аст, ки яккачини Тоҷикистон оид ба футбол 7 июн бо мунтахаби Эстония бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “А. Ле Кок Арена”-и Таллин (соати 22:00 ба вақти Душанбе) доир мешавад.