АКС: "Ҳавои номуътадил то 3 июн боқӣ мемонад"
Масъулони Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯянд, ҳавои номуътадил дар кишвар то 3 июн боқӣ мемонад. Бар асоси иттилои ин ниҳод, аз 30 май то 2 июн дар кишвар бориши борон дар назар аст, ки дар баъзе аз навоҳӣ 2 июн пуршиддат хоҳад буд.
Обуҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, дар навоҳии куҳӣ хатари фаромадани сел мавҷуд буда, сатҳи оби дарёҳо боло хоҳад рафт.
Душанбе баъд аз борони 30 май: