Ғалабаи тими наврасони тоҷик бар футболбозони Гурҷистон
Тими миллии наврасони то 16-солаи Тоҷикистон (U-16) дидори дуюми худро дар доираи сабқати ҷаҳонии Ҷоми Каспий-2014 бо пирӯзӣ анҷом доданд.
Яккачини Тоҷикистон мунтахаби наврасони Гурҷистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Ин бозӣ дар варзишгоҳи шаҳри "Сумгайит"-и Боку баргузор шуд. Наврасони тоҷик бозии аввали худро бо тими Ҷопон рӯзи гузашта мусовӣ - 1:1 карда буданд.
Ҷоми Каспий 28 май дар пойтахти Озарбойҷон, шаҳри Боку оғоз шуд ва то 6 июн идома хоҳад кард. Дар он 12 даста дар чор гуруҳ бо ҳам рақобат мекунанд. Тимҳое, ки дар гуруҳҳи худ ҷойҳои аввалро мегиранд, ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.