Имзои протокол дар Хоруғ ва тақдири норӯшани эътирозгарон
Рӯзи 31 май дар пайи имзои протоколе миёни намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Хоруғ аз 9 талаби эътирозгарон 8-тои он пазируфта шудааст.
Алим Шерзамонов, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахашон ва намояндаи эътирозгарон, гуфт, талаби онҳо дар бораи авфи иштирокдорони беназмиҳои 21 майи соли ҷорӣ то ҳол мавриди омӯзиши намояндагони ҳукумат қарор дорад. Дар пайи тирпаронии рӯзи 21 май дар Хоруғ намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ хоста буданд, раҳбарони раёсати умури дохилӣ, амнияти миллӣ ва додситонӣ дар Хоруғу вилояти Бадахшон барканор гарданд.
Онҳо, инчунин, гуфта буданд, иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси Бадахшон зери унвони “Дар бораи вазъи Бадахшон” даъват шуда, натиҷаи кори кумисюни муштарак бояд ба раисиҷумҳур ва ҳукумат пешниҳод гардад ва дар тамоми расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардад. “Аз сабаби пароканда будани гирдиҳамоӣ аз ҳукумати Хоруғ даъват мешавад, барои қонунӣ шумурдани он мусоидат ва иштирокдоронашро аз масъулият озод кунад”,-таъкид шуда буд дар номаи ҷомеаи шаҳрвандии Хоруғ.
Намояндагони ҳукумат:
Шералӣ Хайруллоев – ёрдамчии раисиҷумҳур дар умури амнияти миллӣ;
Рамазон Раҳимзода – вазири умури дохилӣ;
Шодихон Ҷамшедов – раиси вилояти Бадахшон;
Фаромуз Имомназаров – раиси шаҳри Хоруғ;
Сӯҳроб Паноев – ноиби раиси Кумитаи амнияти миллӣ;
Холбаш Холбашев – фармондеҳи сардори раёсати нерӯҳои марзбонии Бадахшон;
Абдулло Навҷувонов – муовини вазири умури дохилӣ;
Ғарибшо Сӯфишоев – намояндаи Вазорати тандурустӣ.
Намояндаи эътирозгарон:
Музаффар Давлатмиров – халифа;
Фаромуз Эргашов – ҳуқуқдон;
Мамадбоқир Мамадбоқиров – намояндаи Шӯрои маҳаллаи Хоруғи Боло;
Толиб Айёмбеков – раиси Шӯрои маҳаллаи “Хлебзавод”;
Зоир Раҷабов – намояндаи ҷамоати УПД; Ёғибек Ёғибеков – намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ;
Алим Шерзамонов – раиси ҲСДТ дар Бадахшон;
Улфатхонум Мамадшоева – раҳбари созмони “Номус ва Инсоф”.
Дар ҳодисаи тирпаронии 21 май дар маркази Хоруғ панҷ нафар ҷон бохта, чандин тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мақомот гуфтанд, ин амалиёти махсус барои боздошти афроди гумонбар дар қочоқи маводи мухаддир буд.