Омодагии тими миллии футболи Тоҷикистон барои дидор бо Эстония
Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол зери раҳбарии сармураббӣ Муҳсин Муҳаммадиев омодагиҳо ба бозии дӯстона бо яккачини Эстонияро оғоз кардааст.
Бино ба иттилои торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Муҳаммадиев ба тамринҳо 22 бозигар, бо шумули ҳимоятгари клуби “Габала”-и Озарбойҷон Давронҷон Эргашевро даъват кардааст. Омодагиҳо дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор ҷараён мегирад.
Ҳайати тими миллии Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Алишер Туйчиев (“Истиқлол”), Рустам Ризоев (“Энергетик”), Алишер Додов (“Регар-ТадАЗ”).
Ҳимоятгарон: Далерҷон Тухтасунов (“Далерон-Уротеппа”), Давронҷон Эргашев (“Габала”, Озарбойҷон), Искандар Ҷалилов (“Хуҷанд”), Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов (“Истиқлол”), Ҳасан Рустамов (“Энергетик”).
Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Ромиш Ҷалилов (“Истиқлол”), Иброҳим Рабимов, Бахтиёр Ҳасанов (“Энергетик”), Амирбек Ҷурабоев (“Хайр”).
Ҳамлагарон: ФарҲод ТоҲиров (“Парвоз”), Дилшод Восиев, ҶаҲонгир Эргашев (“Истиқлол”).
Ҳайати роҳбарикунанда: Улуғбек Каримов – менеҷер, Муҳсин Муҳаммадиев – сармураббӣ, Рустам Қурбонов – тренер, Амоншо Содатсайров – мураббии дарвозабонҳо, Фаррух Авезов – табиб, Эркин Додоҷонов – масҳгар.
Бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистону Эстония 7 июн дар варзишгоҳи “А. Ле Кок Арена”-и Таллин баргузор мешавад.