Шонси бузурги “пойтахти ҷанубӣ”-и Қазоқистон барои мизбонии Олимпиада-2022
Бо эҳтимоли зиёд Бозиҳои олимпӣ дар соли 2022 дар шаҳри Алмаато баргузор мешавад. Vesti.kz навиштааст, ки шонси “пойтахти ҷанубӣ”-и Қазоқистон барои мизбонии олимпиада хеле зиёд аст.
Яке аз рақибони аслии Алмаато барои баргузор кардани Олимпиада-2022, шаҳри Ослои Норвегия шояд тирамоҳи имсол номзадияшро бозпас бигирад. Мақомоти Осло ҳам монанди Стокголм далели бозпас гирифтани дархосташонро ба вазъи душвори иқтисодӣ марбут донистаанд. “Агар ин кор сурат бигирад, доираи хоҳишмандон ба се (Алмаато, Пекин ва Лвов) мерасад. Бо далели буҳрони сиёсии Украина шонси Лвов ночиз аст. Ва барои Олимпиада-2022 ду муддаӣ мубориза хоҳанд бурд. Ин дар ҳоле ки Пекин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар соли 2008-ро мегузаронад ва хеле кам иттифоқ афтода, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ ду маротиба як шаҳрро мизбон интихоб кунад. Аз ин рӯ шонси Алмаато бузург мебошад”,-навиштааст манбаъ.
Макони баргузории Олимпиада-2022, 31 июли соли 2015 зимни ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар Куала-Лумпури Малайзия маълум мешавад.