баргард чоп кардан

Боздошти зани тоҷик дар Гурҷистон барои водор кардан... ба танфурӯшӣ

Ниҳодҳои интизомии Гурҷистон мегӯянд, дар шаҳри Батумии ин кишвар зани 40-солаи тоҷикро бо номи Заррина А. боздошт кардаанд, ки дар тиҷорати одамон бо роҳи маҷбурӣ муттаҳам мешавад.

Дар иттилоияи Вазорати умури дохилии Гурҷистон, ки 4 июн нашр гардид, гуфта шудааст, ки Заррина 7 декабри соли 2012 аз Тоҷикистон Баргигул Р. (соли таваллудаш 1988)-ро оварда, дар шаҳри Батуми ба танфурӯшӣ водор намудааст. “Тафтишот муайян кард, ки Заррина аз Баргигул шиносномаашро гирифта, маҷбур мекардааст, танфурӯшӣ кунад ва даромадашро аз худ менамудааст”,-омадааст дар иттилоияи ВКД-и Гурҷистон.

Манбаъ мегӯяд, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар доираи амалиёти махсус ба зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва фурӯши одамон боздошт шуда, тафтишоти парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ ба иттиҳоми тиҷорати одамон бо роҳи таҳдид идома дорад.