ВИДЕО: “Ксерокопия”, “мидунам”, “дӯстет надорам”, “ҳамише”
Бозхонӣ шудани як таронаи Баҳром Ғафурӣ аз сӯи Валӣ, овозхони афғони муқими Амрико, коҳи куҳнаи таронаҳои копишудаи майдони шоу-бизнесро ба бод кашид. Дар чанд соли охир хонандаҳои зиёди хориҷие сурудҳои сарояндаҳои тоҷикро бозхонӣ карданд, ки мавзӯи алоҳидаи барномаи мо хоҳад буд.
Аммо имрӯз аз таронаҳое мегӯем, ки овозхонҳои мо копӣ кардаанд. Азбаски теъдоди чунин сурудҳо хеле ва хеле зиёд аст, танҳо як бахшро баргузидем: сурудҳои эронӣ. Ва боз азбаски теъдоди чунинҳо низ зиёди зиёд аст, копиҳои “номуваффақ”-ро раддабандӣ намудем. Қаблан таъкид мекунем, ки рейтинги мазкур ғайрирасмист.
PS: Хонандаи азиз, метавонед бо мо розӣ набошед. Андешаи худро дар зери ин матлаб бинависед.