баргард чоп кардан

Антон Караҷа дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Баъди маросими супурдани унвони «Пешвои асри XXI» аз ҷониби ҷомеъаи Аврупо ба Эмомалӣ Раҳмон ӯ президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ Антон Караҷаро ба ҳузур пазируфт.


Тибқи иттиллои дафтари матбуотии райисҷумҳур зимни нишаст масоили ташкил ва густариши робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд. Ҳарду ҷониб ба густариши робитаҳои илмию фарҳангӣ ва ҳам иқтисодию сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд. Антон Караҷа бо ёдоварӣ аз таъриху фарҳанги бисёрҳазорсолаи миллати тоҷик ва нақши он дар тамаддуни башарӣ изҳор дошт, ки миёни сохторҳо ва шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанги Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бояд робитаҳои мунтазами судбахш ба роҳ монда шаванд.

Манбаъ афзуд, ҳайати Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ ба иштирок дар чорабиниҳои илмию фарҳангии бахшида ба Тоҷикистон, ки дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор мегарданд, аз ҷумла дар ҷашни байналмилалии Наврўз – 2012 дар шаҳри Душанбе изҳори ҳавасмандӣ карданд.