Раисиҷумҳури Туркманистонро дар Маҷористон интизоранд
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ҳафтаи оянда бо сафари расмӣ ба Маҷористон меравад. Дар ин бора дафтари матбуотии президенти Туркманистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин дидор Бердимуҳаммадов бо мақомҳои баландпояи Маҷористон мулоқот намуда, имзои чанд санади ҳамкорӣ низ дар назар аст.
Бино ба иттилои Рашид Мередов, вазири умури хориҷии Туркманистон, муносиботи дипломатии ду кишвар соли 1992 роҳандозӣ шуда, солҳои охир дар ҳоли таҳким ва рушд аст.