Нахустин ғалабаи ССКА “Помир” дар мавсими имсолаи футбол
Тими ССКА “Помир” дар сабқати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ “Равшан”-и Кӯлобро шикаст дод. Ин бозӣ дар чорчуби даври 8-ум баргузор шуда, 2:1 анҷом ёфт.
Баъд аз ҳашт даври мусобиқа ССКА “Помир” бо 4 имтиёз дар ҷои охири ҷадвали мусобиқа (10) ва “Равшан” бо 6 хол дар зинаи 9 қарор дорад.