Афсари вазорати мудофиа дучархасавори ноболиғро пахш намуд
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон сониҳаи нақлиётӣ як ноболиғро қурбон кард.
Тибқи иттиллои Қудратулло Шоев, як масъули шӯъбаи ташвиқот ва тарғиботи РБДА, рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес- Бенс» Маҳмадзоир Тағоев, сардори ситод, муовини қумандони баталёни тирандози савораи қисми ҳарбии 13 483-и вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ аснои ҳаракат дар кӯчаи Сомониён, ҷамоати Кӯйбишев дучархарони ноболиғ Анвар Раҷабови 9- соларо зер мекунад. Дар натиҷа Анвари ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасад.