Шодбошии Кабирӣ ба муносибати Ваҳдат ва ҳушдор аз коҳиши ҷонибдорони сабр
Муҳиддни Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон дар паёми худ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ сокинонро бо 17-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ табрик карда, аз шаҳрвандони одӣ то мансабдорони давлатӣ даъват кардааст, манфиатҳои корию ҳизбӣ ва мазҳабию қавмиро канор гузоранду атрофи манофеи миллӣ гирдиҳам оянд.
Раиси ҲНИТ гуфтааст, рақибони сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон, ки қасди аз байн бурдани руҳияи ҳамдигарфаҳмию созишро дар ҷомеъа доранд, то ҳадде ба мақсади худ расидаанду ҷойи муколамаро тӯхмату таҳқир ва ҷойи созишро фишору таҳдид гирифта истодааст. “Бо камоли таассуф бояд эътироф кард, ки онҳо то ҳадде ба мақсади худ расидаанд. Агар дирӯз сулҳу ваҳдати мо натиҷаи муколама ва созиши андешаҳо ва афкори диниву дунявӣ дар кишвар буд, имрӯз ин доираҳо муваффақ гаштанд, ки аз нав фазои мухолафат ва нобовариро эҷод намоянд. Қадам ба қадам ҷойи муколамаро тӯхмату таҳқир ва ҷойи созишро фишору таҳдид гирифта истодааст,”- омадааст, дар паёми Муҳиддн Кабирӣ.
Ӯ аз фаолияти як гуруҳи манфиатхоҳ барои дубора аз байн бурдани сулҳу оромӣ дар кишвар ва лабрез шудани косаи сабри таҳаммулгароён дар паёмаш ҳушдор дода, афзудааст: “Танҳо талошҳои роҳбарияти кишвар, сабру таҳаммул ва азхудгузаштагии мардум ва нерӯҳои сиёсии масъулиятшинос боиси ҳифзи субот гаштааст. Сабре, ки рӯз то рӯз тарафдоронаш камтар мешаванд ва таҳаммуле, ки аз тарафи доираҳои моҷароҷӯ мавриди суистифода қарор мегирад.”
Раиси ҲНИТ дар идома аз шахсиятҳое, ки сулҳу суботи кишвар аз ишон вобаста мебошад, хостааст, боре аз худ бипурсанд, ба аҳду паймони зераш имзо гузошта ҳанӯз ҳам содиқанд ё не? “Ҳар кадоми мо, ба хусус касоне, ки масъулияти ҷангу сулҳро доштанд ва имрӯз ҳам тақдири ваҳдати миллӣ аз онҳо вобаста аст, бояд аз худ суол кунад, ки оё ҳануз ҳам амалҳо ва рафторҳояшон ба аҳду паймонҳо мувофиқ ҳаст ё не. Оё ба хотир меоварем, ки дар чӣ асос ва бо кадом аҳд миллат ба ваҳдат расида буд? Мо чӣ гуфтем, чӣ мехостем ва имрӯз дар куҷо қарор дорем? Оё ҳанӯз ҳам муносибатамон ба якдигар ҳамчун як тарафи сулҳ аст ё тағйир кардааст?”- таъкид кардааст, Кабирӣ
Ӯ дар охир ибрози умедворӣ кардааст, ки шумораи афроди сулҳҷӯю ҷонибдори оромӣ дар кишвар миёни шаҳровандон, аз ҷумла масъулину кормандони мақомоти давлатӣ кам нестанду зидди сиёсатҳои халалдоркунандаи сулҳу ваҳдат, ки аз тарафи баъзе мақомот ва афроди ғаразнок амалӣ мешавад, мебошанд: “Паёми мо низ ба ҳамин ҳамватанони сулҳҷӯ ва ваҳдатхоҳ равона шудааст, ки бояд дасти ҳамдигарро бигирем ва новобаста аз масъулият, ҷойи кор, узвияти ҳизбӣ ва қавму мазҳаб атрофи ормонҳои миллиамон, ки дар Созишномаи Сулҳ ва ризояти миллӣ сабт шудаанд ҷамъ шавем.”
Имсол Тоҷикистон аз 17-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ таҷлил мекунад. Ин созишнома рӯзи 27 июни соли 1997, баъд аз чандин даври музокироти намояндагони ҳукумат ва нерӯҳои мухоифин, дар шаҳри Маскав имзо шудааст.