Раҳмон ба соҳибкорони малайзиягӣ 400 лоиҳаи фоидаовар пешниҳод кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, баъд аз зуҳри 24-уми июн дар анҷумани беш аз 300 соҳибкори бонуфузи Тоҷикистону Малайзия аз фазои сармоягузории кишвари мо тавсиф намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон баъди сухани ифтитоҳии вазири тиҷорати байналмилалӣ ва саноати Малайзия доктор Мустафо Муҳаммад баромад намуда, имконоти васеи ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст: “Танҳо аз ҷониби сохторҳои давлатии Тоҷикистон беш аз 400 лоиҳаи сармоягузорӣ омода ва пешкаш гардидааст, ки хеле судоваранд. Лоиҳаҳои зиёди дигар ҳамчунин аз ҷониби сохторҳои сершумори соҳибкорию тиҷоратии хусусӣ таҳия шуда, интизори сармоягузорӣ ва татбиқи босамар мебошанд.”
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки фазои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва сармоягузорию соҳибкорӣ дар Тоҷикистон сол ба сол беҳтару ҷолибтар шуда истодааст.