баргард чоп кардан

Квотаҳо барои донишҷӯёни тоҷик ҷиҳати таҳсил дар Русия зиёд мешаванд

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси ММ МО дар Душанбе роҳбари Агентии Федералӣ оид ба корҳои ИДМ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкориҳои байналхалқии гуманитарии Русия Фарит Мухамедшинро ба ҳузур пазируфт.


Дар ин бора Шафқат Саидов, ёвари раиси палатаи болоии парлумони мамлакат оид ба равобит ба ҷомеъа ва ВАО ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод. Номбурда гуфт, ҷаноби Мухамедшин дар чаҳорчӯби баргузории мулоқоти сарони кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон ташриф овардааст ва алъон дар пойтахти кишвар қарор дорад.

 

Зимни мулоқот ҷонибҳо тавсеаи заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои гуманитарӣ оид ба рушди муносибатҳо дар соҳаи фарҳангу маориф, таҳсилу зиёд намудани квотаҳо барои  донишҷўёни тоҷик дар мактабҳои олии Федратсияи Русия, бозомўзии кадрҳо, таъсиси мактабҳо бо таълими забони русӣ, курсҳои омўзишӣ барои тайёр намудани мутахассисон мувофиқ ба талаботи ҷавобгўи бозори меҳнат дар Русия ва таъминоти мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар бо китобҳову дигар ашёҳои таълимӣ ва омўзгорони фанни забони русиро мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри расидан ба ин ҳадафҳои созанда саҳми марказҳои русии дар мамлакат таъсисёфтаро нек арзёбӣ намуданд.

Қайд гардид, ки зарфияти ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо дар ин самт минбаъд низ  дар доираи созишномаи мавҷудаи байниҳукуматӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.{jathumbnail off}