Истеъфои сармураббии тими миллии Эрон баъди нокомӣ дар ҶҶ-2014
Карлуш Пейруш, сармураббии тими миллии Эрон баъди шикасти дастааш аз мунтахаби Босния ва Ҳерзеговина дар даври ниҳоии мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон -2014 истеъфо додааст. Дар ин дидор тими Эрон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда, натавонист ба даври баъдӣ роҳхат бигирад. Карлуш Кейруши 53-сола аз соли 2011 ба ин сӯ яккачини Эронро тамрин медод.
Рақибони Эрон дар гуруҳи "F" Аргентина, Босния ва Ҳерзеговинаву Нигерия буданд. Дидори аввалашро бо Нигерия 0:0 кард, аммо дар бозии дуюм аз Аргентина бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Аз ин гуруҳ Аргентина бо 9 ва Нигерия бо 4 хол ба ба даври 1/8 финалӣ роҳ ёфтанд.