Зидан сармураббии ҳайати ҷавонони “Реал” шуд
Зайниддин Зидан, нимҳимоятгари собиқи тими миллии Фаронса оид ба футбол сармураббии ҳайати ҷавонони бошгоҳи “Реал”-и Мадрид шудааст. Дар ин бора торнамои расмии клуб хабар медиҳад.
Зидан дар мавсими сипаришуда ёвари сармураббии ҳайати асосии “Реал” буд. Дар ҳайати ҷавонони клуб писари 19-солаи ӯ - Энсо Фернандес ҳам бозӣ мекунад.