Ҷоми ҷаҳон-2014: 8 даста барои роҳхат ба даври ½ финал талош мекунад
8 тими миллие, ки бар рақибони худ дар даври 1/8 финалӣ дастболо шуданд, акнун барои даври ниманиҳойӣ мубориза хоҳанд бурд.
Бозиҳои даври ¼ финалӣ фардо, 4 июл баргузор мешавад. Соати 21:00 ба вақти Душанбе тими миллии Фаронса бо мунтахаби Олмон қувва хоҳад озмуд. 5 июл яккачинҳои Бразилия-Колумбия (01:00) ва Аргентина-Белгия (21:00) вориди рақобат мешаванд. 6 июл (01:00) Ҳоланд ва Коста-Рика рӯ ба рӯи ҳам ба майдон мебароянд.
Даври ½ финалӣ 9 ва 10 июл баргузор мешавад. 13 июл бозӣ барои ҷои сеюм ва 14 июл даври финалии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 доир хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, мусобиқоти имсолаи Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия идома дорад. Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014, 32 тими миллӣ роҳ ёфта, дар 8 гуруҳ бо ҳам қувваозмоӣ карданд.