баргард чоп кардан

Тоҷикистон-Куриёи Шимолӣ: Пирӯзӣ насиби кӣ мешавад?

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои ширкат дар бозии даври дуввуми сабқати гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳон-2014 ва дидор бо тими миллии Куриёи Шимолӣ  ба Пхенян парвоз кард.


Тавре аз федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дастаро Олимҷон Рафиков раҳбарӣ дошта, ба  ҳайати тими миллии Тоҷикистон 31 нафар шомиланд, 24 нафар футболбоз 7 каси дигар мураббиёну духтурон ва маъмурини даста.

Манбаъ афзуд, ин навбат тавассути хатсайри махсус, Рустами Эмомалӣ, сарпарасти даста ва ҳам ноиби президенти ФФТ ба сафар баромаданд. Мунтахаби Тоҷикистон то оғози бозӣ дар варзишгоҳи «Янггакдо»  тамрин мекунад. 6-уми сентябр соати 16:30 ба вақти Куриёи Шимолӣ ва 12:30 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи мазкур сабқти интихобии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон 2014 дар минтақаи Осиё байни тимҳои миллии Куриёи Шимолӣ ва Тоҷикистон гузаронида мешавад. Ёдовар мешавем, ки 2 сентябр тимими миллии Тоҷикистон дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода бо тими миллии Узбакистон рақобат карда, бо ҳисоби 0 бар 1бозиро бохт.{jathumbnail off}