Дастдарозӣ ба номуси духтари 24-солаи украинӣ дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари 24-солаи украинӣ сокини 39-солаи Душанбе боздошт шудааст.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ, ин шаҳрванди Украина ба мақомоти пулиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт муроҷиат карда, арз доштааст, ки нисфирӯзи 7 июл шаҳрванд Қ.З дар хонаи истиқоматияш ба номуси ӯ таҷовуз кардааст.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи чораҳои фаврӣ муттаҳам дар таҷовуз, ки пештар низ бо моддаҳои 200 ва 201-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон маҳкум шудааст, боздошт гардида, феълан тафтишот алайҳи ӯ идома дорад.