баргард чоп кардан

Вазъи нохуби манзили зист сабабгори ҷудошавии оилаҳо мегардад

Мақомоти идораи манзил дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд мегӯянд,алъон рӯйхати 2524  оиларо дар даст доранд, ки дар шароити ногувори манзил ба сар мебаранд.


Ғайрат Эшонқулов, масъули шӯъбат манзил дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт,  то санаи якуми августи соли равон теъдоди беш аз ду ҳазору панҷсад хонавода ба қайд гирифта шудааст, ки ба далели адами шароит ранҷ мебаранд.

 

Манбаъ ҳамчунин афзуд, феълан шумори сокиноне, ки дар чунин вазъи ваҳим ба сар мебаранд, дар қиёс ба солҳои пешин хеле зиёд аст. Дар ҳамин ҳол, арзиши хонаҳои истиқоматӣ дар пойтахти вилояти Суғд боло рафта, айни замон нархи хонаи якутоқа баробар ба 12, 14 ва қимати хонаи ду ҳуҷрадор ба 18 , 20 ҳазор долларри амрикоӣ баробар шудааст.

Коршиносон мегӯянд, чунин омил, яъне дар шароити танги манзил ба сар бурдани чанд оила аз сабабҳои аслии ба вуҷуд омадани   хушунати хонаводагӣ маҳсуб мегардад, ки дар аксари маврид ба азҳампошии оилаҳо оварда мерасонад.