Ҷароҳати чор муҳоҷири тоҷик дар садамаи метрои Маскав (АКС)
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар садамаи метрои Маскав чор шаҳрванди кишвар ҷароҳат бардошта, вазъи ду нафари онҳо вазнин мебошад. Муҳаммади Эгамзод, як масъули сафорати Тоҷикистон дар Маскав, гуфт, инҳо -- Сайфуллоев Зафарбек Ҷумъаевич, Муносибшоев Муминшо Муминшоевич, Қурбонов Далер Хуршедович ва Наимҷон Мавлонованд.
Садама дар хатсайри Арбатско-Покровскои метрои Маскав, субҳи 15 июл иттифоқ уфтода, дар пайи он камаш 20 нафар ҳалок ва зиёда аз 120 нафар маҷруҳ шудаанд. Муҳаммади Эгамзод гуфт, ситод зери роҳбарии корманди хадамоти консулии сафорат Афзали Саидҷаъфар ба ҷойи воқеа рӯйхати тоҷикони зарардидаро тартиб додаанд. Аксҳо аз хабаргузории "ИТАР-ТАСС"