60-миллион қуттӣ дар як сол
Шурӯъ аз имсол дар вилояти Хатлон ва навоҳии тобеъ хариди меваю сабзавот барои коркард, танҳо тариқи маблағи нақд сурат мегирад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз КВД «Хӯрокворӣ» иттилоъ доданд, феълан дар вилояти Суғд ба ин мақсад шартномабандии корхонаҳо бо хоҷагиҳои кишоварзӣ баргузор гардид ки зимни он барои харидорӣ намудани 22 ҳазору 615 тонна меваю сабзавот тавофуқ ҳосил шуд. Дар ин намоишгоҳ масъулини корхонаҳои коркарди меваю сабзавот қайд карданд ки ин иқдом имкон медихад, нақшаи дар соли 2011 қабул намуда иҷро гардад. КВД «Хӯрокворӣ» тасмим гироифтааст ки соли равон истеҳсоли маҳсулоти консервагиро аз меваю сабзавот ба миқдори 60 миллион қутии шартӣ расонанд.