Ҳалокати зане, ки худро аз ошёнаи болоии меҳмонхона ҳаво дод
Хонуме, ки худро аз қабати болоии меҳмонхонаи “Огузкент”-и Ашхобод ҳаво дод, фавтидааст. “Альтернативные новости Туркменистана” мегӯяд, камераҳои назоратӣ ҳолати худкушии ин занро сабт кардаанд, ӯ ду бор назди тиреза омада, маротибаи сеюм худро ҳаво додааст.
“Дар мавриди ин зан тақрибан маълумоте мавҷуд нест. Танҳо ҳамин қадар ки ӯ зуд зуд бо мошин ба ҳавзи оббозӣ меомадааст. Дар мавриди сабабҳои худкушии вай низ ҳеч иттилое нест”,-навиштааст манбаъ.