Ноибпрезиденти Амрико сарнагун кардани "Боинг"-ро кори дасти ҷудоихоҳон гуфтааст
Ҷозеф Байден, ноиби президенти Иёлоти муттаҳидаи Амрико изҳор дошта, амрикоиҳо маълумоти зарурие рӯи даст доранд, ки собит мекунад, "Боинг"-и панҷшанбеи 17 июл дар шарқи Украина задашуда, тавассути мушак аз қаламрави таҳти идораи ҷудоихоҳон сарнагун шудааст. Ин нуктаро ӯ зимни суҳбати телефонӣ бо Петр Порошенко, раисиҷумҳури Украина хабар додааст. Аз ин пеш, Барак Обама, президенти Амрико ҳам гуфта буд, далелҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳавопаймо бо мушаки замин-ба-ҳаво аз минтaқаи таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Русия суқут дода шудааст.
Ёдовар мешавем, "Боинг-777"-и ширкати ҳавонавардии “Malaysia Airlines” бо 283 мусофир ва 15 халабон шоми 17 июл дар қаламрави Украина суқут кард. Ҳавопаймои мазкур дар хатсайри Амстердам - Куала-Лумпур парвоз мекард.